Имдод ба ҳамсолон
Хоруғ, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). – Толибилмони мактаб – литсейи Оғохон дар арафаи соли нави мелодӣ ба аёдати ҳамсолони худ – тарбиягирандагони мактаб – интернати вилоятии ноҳияи Рӯшон — кӯмаки моддӣ расониданд. Ин имдод асосан иборат аз маводи ғизоӣ, либос ва асбобу анҷоми тадрисӣ буд. Хонандагони мактаб – литсейи Оғохон чун анъана беш аз 5 сол аст, ки меҳмони дастпарварони мактаб — интернати вилоятии ноҳияи Рӯшон мешаванд.Дар ин рӯзҳои солинавӣ барои тарбиягирандагони интернати ноҳияи Рӯшон ҳамзамон аз ҷониби тоҷикони муқими шаҳри Твери Федератсияи Русия бо сарварии Муқим Майбалиев миқдори зиёди либосу пойафзол ва намуди дигари тӯҳфаҳо тақдим гарид.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






