Имтиҳони охирини бе натиҷаи дзюдочиён дар соли ҷорӣ
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Рӯзи истироҳат мусобиқаи байналмилалии дзюдочиён бо номи «Judo Grand Slam» дар пойтахти Ҷопон шаҳри Токио ба анҷом расид. Дар қатори варзишгарони 73 давлати ҷаҳон ду нафар паҳлавонони кишварамон — Фарҳод Раҳимов дар вазни то 81 килограмм ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни то 100 килограмм ширкат варзиданд. Паҳлавонони мо дар вохӯрии нахустини худ ба шикаст рӯ ба рӯ шуда, ҳуқуқи идома додани мусобиқаро аз даст доданд. Аз сабаби лат хӯрдан беҳтарин паҳлавони мо, барандаи ҷоизаи сеюми бозиҳои олимпӣ дар Пекин Расул Боқиев дар ин бозиҳо ширкат карда натавонист. Дар силсилаи рақобатҳо, ки дар ҳафт вазн баргузор шуд, пахлавонони Ҷопон дар панҷ вазн ва дзюдочиёни Русия дар ду вазн пирӯз шуданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






