Имзои санадҳои ҳамкорӣ дар Минск

Декабрь 26, 2011 16:42

Душанбе, 26 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Маркази миллии қонунгузорӣ ва тадқиқоти ҳуқуқии маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Беларус Ёддошти ҳусни тафоҳум ва бо Маркази миллии иттилооти ҳуқуқии маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Беларус Созишмномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид. Санадҳои мазкурро дар Минск аз ҷониби Тоҷикистон Маҳмад Раҳимов, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Беларус В. Ипатов ва О. Кравтсов, роҳбарони идораҳои мазкури Беларус дар ҳузури сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов ба имзо расониданд. Ёддошти ҳусни тафоҳум мубодилаи фаъолияти қонунгузорӣ, гузаронидани машваратҳои дуҷониба оид ба масъалаҳои муҳими рушди қонунгузорӣ, анҷом додани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва нашри мақолаҳои илмиро дар бар мегирад. Дар асоси Созишномаи ҳамкории ба тасвиб расида ҷонибҳо ҳангоми таҳия ва татбиқи лоиҳаҳо, барномаҳои мақсаднок дар соҳаи иттилоотонӣ, фаъолияти тадқиқотӣ, ворид сохтани технологияҳои комуникатсионӣ ва иттилоотӣ дар соҳаи ҳуқуқ, ҳамзамон гузаронидани конфронсҳои илмию амалӣ, семинарҳо ва дигар чорабиниҳоро амалӣ мегардонанд.

Декабрь 26, 2011 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад