Имзои се санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Олмон
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рўзи 13 декабр Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Муовини Канслери федеролӣ, Вазири федеролии иқтисод ва технологияи Олмон Филин Рёслер мулоқот намуд.Дар вохўрӣ роҳу василаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории иқтисодии ду кишвар баррасӣ шуд.Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми маблағҳои аз ҷониби Олмон ба дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон равонагардида дар 15 соли охир ба зиёда аз 130 миллион евро расидааст.Ҳарду ҷониб ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, коркарди захираҳои минералӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳамчунин рушди туризми экологӣ ҳавасмандии зиёд зоҳир намуданд.Сипас дар ҳузури Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Муовини Канслери федеролӣ, Вазири федеролии иқтисод ва технологияи Олмон Филин Рёслер, ки ҳамчунин раиси Ҳизби лебералӣ-демократӣ ва яке аз пешвоёни сиёсии ин кишвар аст, 3 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.Баёнияи якҷоя оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ миёни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Федералии Олмон;Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ миёни Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии энергетикии «Dena» -и Олмон;Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти федералии илмҳои геологӣ ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Федералии Олмон оид ба ҳамкории илмию техникӣ дар соҳаи илмҳои геологӣ ва захираҳои табиӣ.Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон иттилоъ дод.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






