Имзои созишномаи нав

Декабрь 12, 2011 11:50

Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Дар Вазорати корҳои хориҷии ҶТ табодули ёддоштҳо миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҷопон аз рӯи лоиҳаи таҷдиди роҳҳо дар қитъаи Қӯрғонтеппа — Дӯстӣ баргузор гардид. Ҳуҷҷатро вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ ва Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Хироюки Имахаши имзо намуданд.Ҳамчунин созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон дар шахсияти Ҳамрохон Зарифӣ ва роҳбари Намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон дар ҶТ Ҷиро Иида ҷиҳати татбиқи лоиҳаи кӯмаки бебозгашт имзо гардид. Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷопон барои рушди бахшҳои мухталифи иқтисодиёт, кишоварзӣ маориф, тандурустӣ ва фарҳанги Тоҷикистон аз соли 1993 то соли 2011 беш аз 15,3 миллиард иени ҷопонӣ ҷудо кардааст, ки тақрибан 184 миллион доллари ИМА – ро ташкил медиҳад.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ хабар доданд.

Декабрь 12, 2011 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард