Имзои як қатор қонунҳо аз ҷониби Президент

Декабрь 27, 2011 16:38

Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳоро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонид. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо», «Дар бораи аудити экологӣ», «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо», «Дар бораи суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ», «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда», дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» асосҳои ташкилию ҳуқуқии ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда ва категорияҳои онҳоро муайян карда, вазифаҳо ва тартиби фаъолияти онҳоро танзим менамояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» принсипҳо ва тартиби гузаронидани аудити экологиро муайян намуда, бо мақсади пешгирии таъсири манфии фаъолияти хоҷагиҳо, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо ба муҳити зист, ҳаёт ва саломатии инсон таҳия ва қабул карда шудааст.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо» дар таҳрири нав қабул гардида, муносибатҳоро вобаста ба консессия танзим намуда, салоҳияти мақомоти давлатӣ, шарт ва тартиби ба консенсия додани объектҳо, ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои консессиядор, инчунин дигар масъалаҳои ба консессия додани моликияти давлатиро муайян менамояд.Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо» мўҳлат ва тартиби дастрас гардонидани нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо, тартиби ташаккули нусхаи онҳоро ҳамчун манбаи захиравии фонди миллии иттилоотию китобхонавӣ, таъмини нигоҳдории нусхаи ҳатмии ҳуҷаттҳо ва истифодаи ҷамъиятии онҳоро танзим ва муайян менамояд.Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ бо мақсади такмили сохтор ва фаъолияти узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, инчунин мақомоти судӣ ва судяҳо равона карда шудаанд.Қонунҳои ба имзорасида ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиати давлату ҷамъият, шахсони ҳуқуқӣ, такмили сохтор ва фаъолияти мақомоти давлатӣ, рушди соҳибкорӣ, беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар, таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ равона карда шудаанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Декабрь 27, 2011 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт