Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои СААД
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Дар шаҳри Маскав ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба кори худ оғоз намуд.
Дар назди толори Ордени Екатеринаи муқаддас Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва сарони дигар давлатҳои аъзои ин созмонро Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медеведев истиқбол гирифт.Тавре маълум шуд, дар ҷаласа беш аз 30 масъалаи ҳамкории амниятӣ ва ҳарбӣ-техникии кишварҳои аъзои созмон, аз ҷумла рафти иҷрои Нақшаи эътилофии ҳамкории ҳарбӣ барои то соли 2020 ва роҳҳои такмили низоми амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ мегардад.
Худи ҳамин рўз, ҳамчунин ҷаласаи ғайринавбатии сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мешавад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар доданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






