ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Декабрь 22, 2011 08:56

Ба ифтихори Рўзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ Душанбе, 22 декабр. (АМИТ “Ховар”, Бекназари Абӯбакр). — Генерал-майор Мамадризобеков Давлат Мамадризобекович 10 октябри соли 1938 таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаб солҳои 1953-1956 дар комбинати консервбарорӣ, корхонаи нонпазии ш. Душанбе кор кардааст. Соли 1962 ба сифати курсанти мактаби № 302-и КБД назди Шўрои Вазирони ИҶШС қабул гардида, онро соли 1963 ба охир расонид. Дар Курсҳои олии КБД ИҶШС, Институти КБД ба номи Ю. Андропов таҳсил намудааст. Фаъолияти хизматиро дар мақомоти амният соли 1963 дар вазифаи ваколатдор оғоз намуда, минбаъд дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, солҳои 1980-1987 сардори РКБД Тоҷикистон дар вилояти Кўлоб, 1987-1988 роҳбари гурўҳи фаврии Намояндагии КБД ИҶШС дар назди мақомоти амнияти Ҷумҳурии Демократии Афғонистон, солҳои 1993-1994 дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ВА ҶТ адои хизмат намуд. Солҳои 1997 – 2000 муовини Вазири амнияти ҶТ буд. Иштирокчии фаъоли барқарор намудани сохти конститутсионӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Бо орденҳои “Барои ҷасорати шахсӣ”, “Спитамен” ва дигар мукофотҳои давлатӣ қадр гардидааст. Дар арафаи ҷашни касбии кормандони мақомоти амнияти миллӣ мухбирамон бо генерал-майори мустаъфӣ Д.М.Мамадризобеков мусоҳиба ороста, аз он кас хоҳиш намуд, ки ба саволҳо посух диҳанд. Савол: Давлат Мамадризобекович, биёед, сўҳбатро аз аввали солҳои 90-ум оғоз намоем. Шумо он вақт дар куҷо фаъолият доштед? Посух: Солҳои 1990-1992 ман дар сафари хизматӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон қарор доштам. Дар хусуси вазъияти Тоҷикистон тавассути матбуот ва гуфтугўҳои телефонӣ хабардор мешудам. Моҳи сентябри соли 1992 бинобар мавҷуд будани хатари воқеӣ ба сафорат ва кормандони он бозгашти таъҷилӣ аз ин кишвар оғоз ёфт ва ман ба Душанбе баргаштам. Ин давра дар пойтахт, умуман дар ҷумҳурӣ, вазъият басо мураккабу ноором буд. Дар Кумитаи бехатарии ҷумҳурӣ низ як нав шиддатнокӣ, эҳсосоти парокандагӣ ва нобоварӣ ҳукмфармоӣ дошт. Баъди он ки рўзи 9 сентябри соли 1991 Эъломияи соҳибистиқлолии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, мисли дигар сохторҳои расмии кишвар, дар фаъолияти мақомоти амният низ тағйирот ба миён омаданд.Ба Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони нав — Зуҳуров С.З., муовини аввал — Куптсов А.С., муовинон (марҳум) Ҷобиров Ш.Б., Раҳматов И.С. ва Абдуллоев Б.Н. таъин гардиданд.Савол: Дар коргузорӣ, умуман тартиб додани ҳуҷҷатҳо низ тағйирот буданд? Посух: Бале. Азбаски бисёр ҳуҷчатҳои меъёрӣ ва фаврии Кумита оҷилан тобистони соли 1992 нобуд карда шуда буданд, гурўҳи корӣ ба мушкилиҳо рўбарў омад. Дар вақти тайёр кардани ҳуҷҷатҳо мо бояд ба назар мегирифтем, ки Иттиҳоди Шўравӣ аз байн рафт ва Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол гардид. Барои ҳамин, талаб карда мешуд, ки ҳуҷҷатҳо на танҳо барқарор шаванд, балки тибқи зарурати воқеӣ онҳо бояд аз нуқтаи назари эҷодию касбӣ таҳрир гарданд. Барои омўхтани таҷрибаи ҳамсоякишварҳо ман ба шаҳрҳои Бишкеку Алмаато сафар кардам. Баъдтар Низомномаи мақомоти амнияти миллӣ ва дигар санадҳое, ки фаъолияти онро ба танзим медароранд, омода гардиданд. Бо мақсади нигоҳ доштани алоқаи доимӣ бо ҷузъу томҳо, мақомоти маҳаллии Кумита, баланд бардоштани сифати фаъолияти хизматӣ, саривақт баровардани хулосаҳои зарурӣ бобати беҳбудии онҳо, инчунин таҳти назорат гирифтани вазъият дар қитъаи корӣ, кормандони мо мунтазам сафарҳои хизматӣ анҷом медоданд. Раванди мазкур ҳамеша дар мадди назари бевоситаи роҳбарияти Кумита қарор дошт.Савол: Дар мақомоти амният талабот ба кадрҳо басо ҷиддист. Он солҳо ин масъала чи гуна баррасӣ мешуд? Посух: Дар он давра аксарияти кадрҳои ботаҷриба аз Тоҷикистон кўч бастанд. Нарасидани мутахассисон қариб дар ҳамаи ҷузъу томҳои дастгоҳи марказӣ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ба назар мерасид. Бо ин сабаб, талаби қатъӣ мешуд, ки дар баробари интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва таҳсили кормандон, онҳо бояд пурра санҷида шаванд, таҳти таълиму тарбия қарор мегирифтанд. Ҳамзамон, сафҳои мақомоти амният аз одамони тасодуфӣ, беинтизом, қонуншикан тоза карда гардида, дар мафкураи ҳайати шахсӣ эҳсосоти гарми ватандўстӣ, ҳурмату эҳтиром, аз худ зоҳир намудани сифатҳои касбият, поквиҷдонӣ, риояи қонуну тартибот бояд бештар талқин меёфт. Ба ибораи дигар, гурӯҳеро ба вуҷуд овардан зарур буд, ки дар рўҳияи талаботи ҷиддӣ ва фазои орому осуда, қўмаки байниҳамдигарӣ, гиромӣ доштани анъанаҳои неку беҳтарини мақомоти амният, фаъолият барад. Дар баробари ин, ба Кумита теъдоди зиёди кормандони ҷавони камтаҷриба ва аксаран, пурра санҷиданашуда барои хизмат қабул шуда буданд. Шароит тақозо мекард, ки ба онҳо бетаъхир кори оперативӣ омўзонида шавад. Ин вазифаҳо бояд ҳарчӣ зудтар ба иҷро мерасиданд, чунки дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. На танҳо мухолифини ҳукумат, балки хадамоти махсуси баъзе аз давлатҳо низ нисбати Тоҷикистон фаъолияти густурдаи тахрибкориро ба роҳ монда буданд. Маҳз дар як муддати кўтоҳ бо шарофати заҳмату талошҳои кормандони мақомот ҷавонони болаёқату арзанда ба хизмати ҳарбӣ шомил гардидад. Аксарияти онҳо имрўз сарбаландона ва садоқатмандона дар КДАМ ҶТ фаъолият до-ранд. Ғайр аз ин, бо ташаббуси С. Зуҳуров ва сардори онвақтаи раёсати кадрҳо С. Ятимов дар ин давра тақрибан 50 нафар собиқадори мақомоти амният дубора ба кор даъват гардиданд, ки дар таълиму тарбияи насли ҷавони кормандон ширкати фаъолона доштанд. Онҳо дар қитъаҳои гуногуни фаъолияти хизматӣ дар дастгоҳи марказӣ ва мақомоти маҳаллӣ адои вазифа менамуданд. Фикр мекунам, ки иқдоми мазкур дар фаъолияти мақомот ва таълиму тарбияи насли ҷавони кормандон нақши муассири худро гузошт. Савол: Дар баробари пурра кардани сафҳои худ бо кадрҳои соҳибтаҷриба, кормандони Кумита дар эътидоли вазъияти ҷамъиятӣ-сиёсии ҷумҳурӣ саҳми назаррас гузоштанд. Кадом лаҳзаи ҳассоси он давра дар хотири Шумо бештар нақш бастааст?Посух: Албатта, чунин лаҳзаҳо бисёр буданд. Новобаста аз шароиту вазъияти душвори солҳои 90-ум кормандони мақомоти амният аз худ матонату шуҷоат ва далерию корнамоӣ нишон доданд. Вуҷуд доштани гурўҳҳои зиёди силоҳбадаст, авҷи ғоратгарӣ, куштор, гаравгонгирӣ ва ғайраҳо вазъияи ҷамъиятӣ-сиёсии кишварро боз ҳам муташанниҷ месохтанд. Он солҳо ба зиммаи мақомоти амният, ҳамчунин вазифаи асосӣ ва басо пурмасъул — таъмини бехатарии роҳбарияти олии кишвар гузошта шуда буд. Ҳарчанд имконият барои иҷрои ин ўҳдадорӣ, хусусан дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар, басо маҳдуд буд, аммо кормандони Кумита вазифаҳои хешро сарбаландона анҷом медоданд. Вазъият дар минтақаи ВМКБ бисёр мураккаб буд. Охири соли 1992 аз хавфи ҷони худ ба ин минтақа теъдоди зиёди гурезагон паноҳ бурданд. Дар байни онҳо баъзе хизматчиёни ҳарбии мақомоти қудратӣ бо оилаҳояшон низ буданд, ки бо худ силоҳ доштанд. Як қисми ҷангиёни Иттиҳоди мухолифин ҳам ба Бадахшон омада, ба сафи гурўҳҳои ҷиноятпеша ва нашъаҷаллоб пайвастанд. Онҳо ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ дахолат мекарданд, ба аҳолии маҳаллӣ, бахусус ш. Хоруғ, таҳдид менамуданд. Ғайр аз ин, ба онҳо намояндагони хадамоти махсуси баъзе аз кишварҳои хориҷӣ низ мароқ зоҳир месохтанд. Маҳз дар ҳамин давраи душвор, моҳи марти соли 1993 сафари нахустини Раиси Шўрои Олии ҶТ Э. Раҳмон ба Бадахшон доир гардид. Сардори давлат аз ҷараёни вазъият дар ҳудуди вилоят ба хубӣ огоҳ буд, вале ба хатари воқеӣ нигоҳ накарда, қарор дод, ки бо дастрасии аввалин имконият ҳатман ба Хоруғ биёяд ва бо фаъолони ВМКБ вохўрда, вазъияти ҷумҳуриро барояшон фаҳмонад. Вуруди Э. Раҳмон ба маҷлисгоҳи ҳукумати вилоят ҳарчанд барои ҳамаи ҷамъомадагон басо ногаҳонӣ буд, вале толорро мавҷи қарсак фаро гирифт. Раиси Шўрои Олии ҶТ дар баробари шарҳи вазъияти кишвар, ҳамчунин дастгириашро аз сокинони вилоят иброз дошта, онҳоро дилпур сохт, ки новобаста аз душвориҳои мавҷуда, хукумат ба ВМКБ кўмаки молию моддӣ ва маънавӣ хоҳад расонид. Сафари мазкур ба ҳадде хатарнок ва ногаҳонӣ буд, ки ҳамагон аз ҷасорати Э. Раҳмон ва кўшиши ў дар дастгирии Бадахшон дар чунин рўзҳои вазнин ба ваҷд омаданд. Хабари ба Помир омадани Сардори давлат ба тезӣ дар байни аҳолӣ паҳн гардида, фикру андешаҳои мусбиро ба вуҷуд овард. Ҳамин тавр, сафари нахустини Раиси Шўрои Олии ҶТ ба ВМКБ ба раванди мусбати вазъияти ҷамъиятӣ-сиёсии кулли Бадахшон заминаи мустаҳкам фароҳам овард. Баъди як сол Э. Раҳмон боз ба Хоруғ сафар карда, ин навбат дар Иди Наврўз ва маъракаи ба истифода дода шудани навбати аввали НБО Помир-1 ширкат варзид. Сокинон Сардори давлатро хушнудона истиқбол гирифтанд. Баъди чорабинӣ Э. Раҳмон аз мактаб ва хонаи якчанд нафар сокинони маҳаллӣ дидан кард. Тибқи маълумоти фаврии мо, аз сафари мазкур гурўҳи ҷангиёни мусаллаҳ низ хабар ёфта, мақсади ба иғвогарӣ даст заданро доштанд. Ҳамон вақт дар ҳайати гурўҳи пешакӣ ҳамроҳи 5 корманди дастгоҳи марказии Кумита ба ҳудуди нерўгоҳ парвоз намудем. Таъминоти бехатарии сафарро мо якҷоя бо гурўҳи начандон калони муҳофизони шахсии Раиси Шўрои Олӣ, қувваҳои раёсатҳои амният ва корҳои дохилии вилоят ба ҷо меовардем. Солҳои 1993-1994 Сардори давлат боз ба ВМКБ ташриф оварда, шахсан бо рафти корҳои сохтмонӣ дар шоҳроҳи Кўлоб-Қалъаи Хумб ва дигар иншоотҳо, шинос шуд, ба Хоруғ, Дарвоз ва Рўшон сафари корӣ анҷом дод. Баъди ҳар як сафар обрўю нуфузи Э. Раҳмон дар Хоруғ меафзуд. Новобаста аз пешгўиҳои манфӣ ва вазъи мураккаб дар интихоботи президентӣ моҳи ноябри соли 1994 аксарияти кулли интихобкунандагони Бадахшон ба тарафдории ў овоз доданд, ки ин нишондод нисбат ба дигар минтақаҳои кишвар баланд буд. Ин натиҷа исботи қатъии дастгирии бадахшониёнро аз сиёсати роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нишон дод. Сардори давлати Тоҷикистон 22 майи соли 1995 пешвои мазҳабии исмоилиёни ҷаҳон шоҳзода Оғохони IV-ро ба Тоҷикистон даъват намуда, рўзи 24 май ҳамроҳ ба Помир омаданд. Онҳо муддати ду рўз ба Хоруғ, Шуғнон, Ишкошим ва Рўшон ташриф оварданд. Оғохон дар баромадҳояш нашъаҷаллобӣ ва ҳама гуна муносибат бо онро қатъиян маҳкум кард. Вай аз нафароне, ки ғайриқонунӣ бо силоҳ мегаштанд, даъват намуд, ки яроқро ихтиёран ба сохторҳои ҳукуматӣ супоранд ва ба ҳаёти осоишта баргарданд. Ман бо супориши раиси Кумита гурўҳи кормандонро, ки бехатарии ин сафарро таъмин мекарданд, роҳбарӣ менамудам ва медидам, ки дар симои сокинони вилоят шодию хурсандӣ ва эҳтироми бузург нисбат ба Президент ҳувайдост. Баъди сафари мазкур, вазъият дар Бадахшон ҳарчӣ тезтар ба беҳбудӣ майл кардан гирифт. Дар баробари ин, муносибати сарду манфӣ нисбат ба гурўҳҳои ҷиноятпешаи силоҳдор афзуд. Бисёре аз ҷавонон, ки пештар гурўҳҳои силоҳбадастро дастгирӣ менамуданд, аз сафи онҳо хориҷ шуданд. Савол: Шумо дар ҳайати комиссияи фаврӣ-тафтишотӣ, ки барои муайян сохтани ҳодисаи куштори 4 нафар кормандони СММ ва тарҷумони онҳо таъсис дода шуда буд, ширкат доштед. Хоҳиш менамоям, ки тафсилоти бештари қазияи мазкур ва ҷараёни тафтишотро шарҳ диҳед. Посух: 22 июни соли 1998 дар ҳудуди деҳаи Лаби Ҷар, ки дар байни ноҳияҳои Тавилдара ва Комсомолобод (ҳоло Нуробод) воқеъ буд, 4 корманди СММ Таки Акинои ҷопонӣ, Адолфо Шарпинги уругвайӣ, Рихард Зескии поляк, Волфанг Спонери австриягӣ, инчунин тарҷумони онҳо шаҳрванди ҶТ Ҷ. Маҳрамов ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд. Ин ҳодиса вокуниши васеъ ва манфии ҷомеаи ҷаҳониро ба миён овард. Намояндагони СММ аз Ҳукумати ҶТ ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик талаб карданд, ки ин воқеаи мудҳиш бетаъхир ва воқеъбинона тафтиш гардида, ашхоси гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Дар акси ҳол, онҳо ҳатто масъалаи аз Тоҷикистон бозхондани намояндагони худро ба миён гузоштанд. Макони содиршавии ҳодиса таҳти назорати қувваҳои мусаллаҳи мухолифин, аз ҷумла дастаи Раҳимов А. мулаққаб бо «мулло Абдулло», ки бо ваҳшигариҳояш ном бароварда буд, қарор дошт. С. Зуҳуров маро ба назди худ даъват намуда, гуфт, ки қарор аст ба ҷойи воқеа гурўҳи фаврӣ-тафтишотии ВА, ВКД ва Прокуратураи генералӣ таҳти сарварии яке аз муовинони роҳбарони ин сохторҳо фиристода шавад. Вай дар ин хусус фикри маро фаҳмида, хоҳиш намуд, ки сарварии гурўҳи панҷнафараи Кумитаро ба ўҳда гирам. Ман розӣ шудам ва худи ҳамон рўз гурўҳи кории мақомоти амниятро ташкил додем. Гурўҳҳои ВКД-ро муовини вазир А. Ғозиев, прокуратураи генералиро Сарпрокурори ҳарбӣ А. Олимов, Иттиҳоди мухолифинро А. Дадобоев роҳбарӣ мекарданд.Рўзи дигар ҳамроҳи котиби Шўрои амният А. Азимов ва сарвари ИМТ С. А. Нурӣ ба Тавилдара омадем. Онҳо ба қумондони мухолифин М. Зиёев ҳодисаро шарҳ дода, дастур доданд, ки дар таъмини амнияти аъзоёи гурўҳи фаврӣ-тафтишотӣ чора бинад ва барои фаъолияти онҳо шароити зарурии корӣ фароҳам созад. Худи ҳамон рўз А. Азимов ва С. Нурӣ ба ш. Душанбе баргаштанд. Мо бошем, ба деҳаи Лаби Ҷар омадем. Муддати 20 рўз дар вазъияти хеле мураккаб кор кардем. Агар касеро барои сўҳбат даъват менамудем, ҳатман, ҳамон лаҳза хабараш ба мулло Абдулло мерасид. Барои ҳамин кўшиш мекардем, ки ҳарчӣ зиёдтар одамонро ба пурсиш ҷалб созем. С. Зуҳуров аз шароити зист, бахусус таъмини амнияти мо, мунтазам тавассути дастгоҳи махсуси моҳворагӣ, ки дар ихтиёри мо қарор дошт, огоҳ мешуд. Ҳангоми ба миён омадани ҳодисаи фавқулоддаи бўҳронӣ бояд саривақт аз Душанбе кўмаки таъҷилӣ мерасид, ҳамчунин ҳангоми зарурат истифодаи имкониятҳои гурўҳи начандон калони ВКД дар гардиши роҳи автомобилгарди Душанбе-Ғарм-Бадахшон пешбинӣ гардида буд. Ин гурўҳ асосан худашро муҳофизат менамуд ва аз ҳудуди мавқеи ҷойгиршавиаш берун намебаромад. Таъмини онҳо тавассути нақлиёти ҳавоӣ амалӣ мешуд. То 5 июл гурўҳи мо аллакай дар хусуси фармоишгар ва иҷрокунандагони куштори намояндагони СММ маълумот ба даст овард. Баъди ин ба татбиқи меъёрии нишондодҳо шурўъ намудем. Мо бояд шоҳидон, гумонбаршавандагон ва фармоишгаронро наметарсонидем. Чунки гурехтан ё пинҳон шудани онҳо эҳтимол дошт. Ба гурўҳи тафтишотӣ маълум шуд, ки ҳамон рўз якчанд нафар аз гурўҳи мусаллаҳи мулло Абдулло савори автомошинаи тамғаи «Нива»-и рангаш сурх дар ҷойи воқеа пайдо шудаанд. Ин гуна мошин дар деҳаҳои гирду атроф ҳамагӣ 5 адад мавҷуд буд. Мо бонавбат ронандагонро барои пурсиш даъват карда, як муддати муайян бо онҳо кор кардем, ронандаи мулло Абдуллоро дар қатори дигарон боздошт намудем. Хуллас, гурўҳи тафтишотӣ дар як муддати кўтоҳ тавонист, ки нафа-рони мушаххаси содиркунандаи куштори намояндагони СММ-ро муайян сохта, онҳоро боздошт намояд ва ба ш. Душанбе интиқол диҳад. Он давра ҳанўз имконият мавҷуд набуд, ки ташкилкунандаи бевоситаи ҷиноят — мулло Абдулло дастгир карда шавад. Баъди анҷоми тафтишот вай пинҳон шуд ва дере нагузашта ба қаламрави Афғонистон фирор намуд…Савол: Дар айни замон, Шумо дар нафақа ҳастед, вале ба ин нигоҳ накарда, дар ҳолатҳои зарурӣ бо кормандони мақомоти амният вохўриҳо доир менамоед, аз таҷрибаи бою рангини касбии хеш ба онҳо нақл мекунед. Шояд дар хотимаи сўхбат ба онҳо гуфтание доред? Посух: Соли 2001 бинобар расидан ба синни ниҳоии хизмати ҳарбӣ, ман барои ба истеъфо рафтан гузориш навиштам. Ҳангоми маросими гусел дар назди ҳайати шахсӣ баромад намуда, қайд кардам, ки кормандони мақомоти амният бояд принсипҳои аз насл ба насл гузаштан, анъанаҳои неку бузурги мақомотро давом диҳанд, ба касби муқаддаси чекистӣ содиқ бошанд, ба онҳо арҷ гузоранд, нисбат ба оилаҳои кормандоне, ки дар роҳи соҳибистиқлолии Ватан ва барқарор кардани сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд, ҳамеша ғамхорӣ зоҳир намоянд. Бояд хотираи наслҳои гузаштаи чекистони Тоҷикистон азизу гиромӣ нигоҳ дошта шавад, таҷрибаи касбии онҳо ҳамчун намунаи ибрати шоиста барои ҷавонон мавриди омўзиш ва истифода қарор гирад. Яке аз омилҳои асосии пешрафти фаъолияти мақомоти амният – ин гиромӣ доштани таҷриба ва анъанаҳои касбӣ, эҳтиром нисбат ба онҳо, ҳифзи робитаи доимӣ байни кормандон ва собиқадорон мебошад. Ин анъанаи неку ибратбахш пештар низ вуҷуд дошт ва аминам, ки минбаъд низ боқӣ мемонад. Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо — собиқадорон ба роҳбарияти Кумита барои ташкил ва гузаронидани вохўрии хотирмони баҳори соли 2011 басо сипосгузор мебошем. Ҳодисаҳои соли гузашта ва имсола, аз ҷумла бо иштироки дастаи террористии мулло Абдулло дар водии Рашт, нишон доданд, ки дар фаъолияти мақомоти амнияти миллӣ давраи сокиту ором вуҷуд надорад. Бинобар ин, кормандон бояд дар самти иҷроиши вазифаҳои хизматӣ оид ба таъмини амнияти давлат, ҷомеа, шаҳрванд, истиқлолияти миллӣ, сулҳу ваҳдати комил ва якпорчагии марзу буми кишвар омода бошанд, зиракии сиёсию касбиро хеҷ гоҳ аз даст надиҳанд. Дар арафаи иди касбии кормандони мақомоти амнияти миллӣ ман роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва ҳамаи собиқадорони соҳаро табрику муборакбод намуда, ба онҳо умри дароз, хушбахтӣ ва барору комёбиҳо таманно дорам. Ташаккур барои сўҳбат. АМИТ «Ховар» барои мусоидат дар чопи мусоҳиба ба Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ арзи сипос менамояд.

Декабрь 22, 2011 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст