Изҳороти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон

Декабрь 9, 2011 11:20

Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Дар баъзе сомонаҳои Интернет мақолае таҳти унвони «Сарҳадбони асосии Тоҷикистон аз сарҳадбонони Русия розӣ нест» пайдо гардид. Дар он хабар дода мешавад, ки гӯё Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ гуфта бошад, ки дастгоҳи машваратии Хадамоти сарҳадии ХФА Русия вазифаҳои ба зиммааш гузошташударо иҷро намекунад.Маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор аст, изҳор намояд, ки ягон далели дар ин мақола зикршуда ба воқеият мувофиқат намекунад. Аввалан, дар раёсати минтақавии Хоруғ ягон машварате доир нашудааст, ки дар он Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии ҶТ сухан карда тавонад.Сониян, тирамоҳи соли равон дар ҷараёни ташрифи Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон байни Тоҷикистон ва Русия Созишномаи ҳамкорӣ оид ба масоили сарҳадӣ ва як қатор протоколҳои байниидоравӣ имзо шуда буданд, ки асосу шакли нави муносибатҳои мутақобила аз рӯи масоили сарҳадиро муайян мекунанд. Ғайр аз ин, мувофиқи Созишномаи нав дар Гурӯҳи ҳамкории сарҳадии ХФА ФР дар ҶТ дастгоҳи машваратӣ барҳам дода шудааст. Ҳоло дар он афсароне хидмат мекунанд, ки ба ҳайси мушовирону омӯзгорони Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ ҷалб шуда ва ба хати сарҳад намераванд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Декабрь 9, 2011 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд