Изҳороти дипломати Чин
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – «Кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ тайи 20 соли охир роҳи бузургеро дар ҷодаи рушди сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ тай кардаанд», — гуфт зимни мулоқот бо ҳайти журналистони Осиёи Марказӣ директори Раёсати АвроОсиёи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Хунхуй.Дипломати Чин зарурияти вусъат бахшидани муқобилати муштарак ба хавфу таҳдидҳои имрӯза ва ривоҷи сулҳу суботи минтақа дар чаҳорчӯбаи иттиҳодияҳои мавҷударо таъкид намуд.- Мо механизми басо хуб – Созмони ҳамкории Шанхайро дорем. Имсол дар шаҳри Остона 10 – солагии Созмонро таҷлил намуда, ҳамоиши басо судманд доир кардем. Чунин ҳамоиш соли оянда дар Чин баргузор мешавад. Фикр мекунам, ки мо дар ҳошияи СҲШ дар бахши амнияту соҳаи ҳамкории иқтисодӣ хеле муваффақ хоҳем шуд, — гуфт дар хотима Чжан Хунхуй.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






