Кӣ раиси нави комиҷроияи ҲХДТ шуд?
Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз ҷаласаи комиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд доир гардид. Муовини раиси комиҷроияи марказии ҲХДТ Асрор Латифов ҷаласаро ифтитоҳ намуда гуфт, ки раиси комиҷроияи ҲХДТ дар вилоят Бибихон Азизова бо мақсади барқарор кардани сиҳатиаш ба КИМ ҲХДТ ариза пешниҳод кард ва хоҳиш намуд, ки ӯро аз вазифааш озод намоем. Раиси ҳизб хизматҳои шоёни Бибихон Азизоваро қадр намуда, ӯро бо Ифтихорномаи ҲХДТ тақдир намуд. Ба раисии комиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд номзадии Даврон Зоҳидов пешниҳод гардид. Иштирокдорони ҷаласа тибқи Оиннома бо овоздиҳии кушод ба ҷонибдории номзад овоз доданд. Узви раёсати КИМ ҲХДТ, раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар суханронии худ ба Бибихон Азизова барои фаъолияти пурсамараш сипосгузорӣ карда, дар бораи фаъолияти кумиҷрояи ҲХДТ дар вилоят, ширкати фаъоли аъзоёни ҳизб дар масоили мухталифи иҷтимоӣ, пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ андешаҳояшро баён намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






