Кӯмакҳои Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон зиёд мегарданд
Душанбе, 7 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуотии Вазорати энергетика ва саноат, намояндаи Бонки ҷаҳонӣ дар як нишаст ба кормандони соҳа иброз доштааст, ки масъалаи ташхиси технкиву иқтисодӣ ва иҷтимоию экологии бунёди Роғун аз ҷониби коршиносони бонуфузи ҷаҳонӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст, то судмандии иқтисодӣ ва бехатарии ин нерӯгоҳ барои оянда таъмин гардад. Айни замон Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон барои амалисозии 16 лоиҳа ба маблағи 212 млн. доллари амрикоӣ сармоягузорӣ дорад. Пешбинӣ шудааст, ки Бонки ҷаҳонӣ дар соли 2012 маблағгузории худро дар соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон ба андозаи 60 млн. доллари амрикоӣ афзоиш диҳад. Бонки ҷаҳонӣ дар давоми 15 соли ҳамкориҳо бо Тоҷикистон баробари 640 млн. доллар кӯмаки молиявӣ расонидааст.Айни замон коршиносони байналмилалӣ таҳлили ҳаматарафаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ба зимма доранд. Дар сурати мусбӣ ҳал шудани он Бонки ҷаҳонӣ маблағгузории ин нерӯгоҳро пурра таъмин менамояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






