Кӯмаки иҷтимоӣ барои табақаҳои камбизоати аҳолӣ
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар шаҳри Душанбе маросими муаррифӣ бахшида ба роҳандозии лоиҳаи таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ баргузор гардид, ки онро Бонки умумиҷаҳонӣ баробари 3 миллиону 200 ҳазор доллари ИМА маблағгузорӣ мекунад.Ин маросим бо ибтикори Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ва бо мусоидати Бонки умумиҷаҳонӣ сурат гирифт.Мақсад аз лоиҳаи мазкур густариши фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тарҳрезӣ, роҳандозии мониторинг ва идораи раванди расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ мебошад. Дар назар аст, ки рӯи кор овардани лоиҳаи мазкур бо василаи расонидани кӯмаки иҷтимоӣ ба хонаводаҳои камбизоаттарин тақрибан ба 1 миллион сокини Тоҷикистон фоида меорад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд






