Кӯмаки Вазорати энергетика ва саноат ба хонаи бачаҳо
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Соли нав ба хонаи бачаҳои деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик ба маблағи 8 ҳазор сомонӣ кӯмак намуд.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Вазорати энергетика ва саноати ҶТ хабар доданд.Мувофиқи суханони манбаъ, барои 121 нафар тарбиягирандагони хонаи бачаҳо маводи ғизоӣ, маҳсулоти мавриди зарурат ва чароғҳои каммасраф харид шудааст.Ин ташаббус дар ҳошияи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли соли 2008 «Дар бораи расонидани кӯмаки доимии моддию молиявӣ ба маъюбон, нафақагирон, иштироккунандагони ҶБВ, оилаҳои камбизоат, хона – интернатҳо ва муассисаҳои дигари иҷтимоӣ» роҳандозӣ мешавад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






