Касбияти имомхатибон мавриди таҳлил қарор мегирад

Декабрь 12, 2011 11:14

Душанбе, 12 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар соли 2012 қисми зиёди иҷрои ҷамъоварии маблағҳо ба буҷаи шаҳрӣ ва буҷаи ноҳияҳои пойтахт барои таъмиру барқарорсозии роҳҳо ва пиёдарвҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо сафарбар гардида, баҳри иҷрои босифати корҳо ташкилоти соҳибтаҷрибаи пудратӣ тавассути озмуни кушод ҷалб карда хоҳад шуд. Ин матлаб дар ҷаласаи шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид, зикр шуд. Назар ба иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳр, дар ҷаласа, ки намояндагони парлумони мамлакат, вакилони шаҳрӣ, фаъолони пойтахт, масъулини Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ходимони дин иштирок доштанд, масъалаи роҳ надодан ба махлутсозии фазои динию мазҳабӣ ва унсурҳои бегонаву тафриқаангез матарҳ гардид. Дар ин робита зикр шуд, ки бо истифода аз хиради азалӣ, қонунгузории кишвар ва таҳкими асолати давлатдории дунявӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд. Дар ҷаласа қарор қабул гардид, ки баҳри таҳкими минбаъдаи фазои ваҳдати динию мазҳабӣ дар пойтахт касбияти имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи шаҳри Душанбе аз ҷониби Шӯрои таъсисгардида таҳти раёсати раиси Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ, имомхатиби масҷиди ҷомеи Марказии шаҳри Душанбе Саидмукаррам Абдуқодирзода ба таври доимӣ мавриди таҳлил қарор гирад.  

Декабрь 12, 2011 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад