Кишти сабзавот дар гармхонаҳо
Душанбе, 9 декабр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Аз Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки соли 2012 нақшаи кишти сабзавот дар гармхонаҳои ҷумҳурӣ ба 66,81 гектар расонида мешавад. Дар айни замон дар гармхонаҳо дар масоҳати 53 гектар помидору бодиринг кишт шудааст, ки 79 фоизи дурнаморо ташкил медиҳад.Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд 89 фоизи гармхонаҳо кишти сабзавотро ба охир расониданд. Дар вилояти Хатлон дар масоҳати 10 гектар гармхона помидор ва дар масоҳати 7,82 гектар бодиринг кишт шудааст.Маълум аст, ки ин миқдор гармхонаҳо наметавонанд талаботи аҳолиро дар фасли зимистон бо сабзавоти тару тоза таъмин намоянд. Аз ин рӯ, тоҷирону соҳибкорон дар пайи дарёфту ворид сохтани помидору бодиринг роҳи соҳибкорони хориҷӣ, аз ҷумла соҳибкорони Покистону Ҳиндустон ва Эрону Афғонистонро мепоянд, то маҳсулоти арзони онҳоро дастрас намуда, бо нархи дучанд вориди бозорҳои Тоҷикистон сохта, соҳиби садҳо ҳазор маблағи муфт гарданд. Чунон ки дар урфият мегӯянд, «Гӯр сӯзаду дег ҷӯшад».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






