Комбинати «Суғдиён» боз ба кор шурӯъ кард
Душанбе, 27 декабр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар шаҳри Кӯлоб комбинати орди «Суғдиён» баъди таваққуфи тӯлонӣ боз ба кор шурӯъ кард. Дар Раёсати саноати хӯроквории Вазорати энергетика ва саноати ҶТ дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Мувофиқи суханони манбаъ, фаъолияти корхона бинобар мавҷуд набудани ашёи хом ва фармоишот таваққуф карда буд. Баъди корхонаро бо ашёи хоми зарурӣ таъмин кардани Агентии захираҳои давлатии моддии назди Ҳукумати ҶТ корхонаи ордкашӣ фаъолияташро аз нав давом дод. Қобили тазаккур аст, ки нархи орди истеҳсоли маҳаллӣ хеле арзон буда, сифати он аз сифати орди хориҷӣ монданӣ надорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






