Комиссияи экологӣ фаъолияташро пурзӯр мегардонад
Душанбе, 13 декабр, (АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаи пурзӯр намудани фаъолияти иттилоотии Комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат, ки 13 декабри соли 2011 таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон дар Душанбе баргузор шуд, баррасӣ гардид. Дар ҷаласа ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи худидоракунии шаҳрак ва деҳот», «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ», «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодексҳои гумрук ва андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ ва муҳокимаи аъзои Шӯро қарор гирифт. Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки аъзои Шӯро инчунин лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2011», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» ва «Дар бораи милитсия»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






