Конфронс аз рӯи қазияи Афғонистон

Декабрь 5, 2011 11:19

Маскав, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). – Ҳайати Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) бо роҳбарии Дабири кулли СААД Николай Бордюжа дар Конфронси байналмилалии намояндагони олимақом аз рӯи қазияи Афғонистон иштирок менамояд. Дар конфронс, ки 5 декабри соли 2011 дар шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федеролии Олмон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳамид Карзай баргузор мешавад, вазирони корҳои хориҷии кишварҳои асосии ҷаҳон ва роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ низ ширкат меварзанд.Дар конфронс масоили марбут ба то соли 2014 дар ихтиёри артиш ва пулиси Афғонистон гузоштани масъулияти Қувваҳои байналмилалии мададгори амнияти Афғонистон, ӯҳдадориҳои дарозмуддати ҷомеаи ҷаҳон ҷиҳати мадад ба Афғонистон дар давраи аз соли 2015 ио соли 2024 мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт. Иштирокдорони конфронс ҳамчунин раванди мусолиҳаи миллиро арзёбӣ мекунанд. Давлатҳои аъзои СААД аз рӯи проблемаи мусолиҳаи миллӣ ва ободонии Афғонистон гуфтушуниди судбахшро анҷом медиҳанд. Имрӯз Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ҳамкориро бо СММ ва Созмони Амнияти Ҳамкории Аврупо (САҲА) ҷиҳати ҳалли вазъияти Афғонистон вусъат мебахшад.Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия котиби матбуоти СААД Владимир Зайниддинов хабар дод.

Декабрь 5, 2011 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад