Конфронси ҳисоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон
Душанбе, 22 декабр. ( АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Тавре ки хабар дода будем, моҳи январи соли 2012 конфронси ҳисоботию интихоботии Федератсияи футболи мамалакат баргузор мегардад. Чорабинӣ рӯзи 5 январ дар меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенси»-и шаҳри Душанбе гузаронида мешавад. Дар он ҳисоботи федератсияи футбол аз 11 феврали соли 2008 то 5 январи соли 2012, ҳисоботи молиявии ин федератсия дар ҳамин давра, тасдиқи буҷаи федератсия барои соли 2012 ва интихоби ҳайати нави ин ташкилот ба нақша гирифта шудааст. Ёдрас мешавем, ки дар тӯли 10-соли охир ба ФФТ Сӯҳроб Қосимов роҳбарӣ мекунад. Алҳол ба мансаби мақоми президентӣ дар федератсияи футбол танҳо ноиби раиси федератсия Рустами Эмомалӣ номзадии худро гузоштааст








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






