Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар Олмон
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). –3 декабри соли 2011 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар мавзӯи «From Transition to Transformation», ки имрӯз баргузор мегардад, ба шаҳри Бонни Ҷумҳурии Федератвии Олмон сафар кард. Конфронси мазкур раванди 10-солаи иштироки ҷомеаи ҷаҳониро дар ҷодаи барқарорсозии сулҳу субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии Афғонистон, ки декабри соли 2001 дар шаҳри Бонн оғоз шуда буд, натиҷагирӣ менамояд. Тавре ки аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ Ховар иттилоъ доданд, дар чаҳорчӯби Конфронс дар назар аст, ки ҷабҳаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ оид ба мушкилиҳои Афғонистон, масъалаҳои вобаста ба амният, ҳамчунин роҳҳои қабули тадбирҳои дахлдор барои он, ки Афғонистон тавонад мушкилоти дохилии худро баъди соли 2014 ҳал намояд, баррасӣ мегарданд.Дар анҷоми сафари худ ба Бонн Ҳ. Зарифӣ аз шаҳри Вилнюси Литва бо мақсади иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА, ки 6-7 декабри соли 2011 барпо мегардад, дидан хоҳад кард. Дар рафти ҷаласа иштирокчиён ният доранд роҳҳои минбаъдаи тақвияти фаъолияти САҲА-ро бо назардошти хатару таҳдидҳои нав ба амният матраҳ кунанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






