Конфронси RECCA – V дар Душанбе баргузор мешавад

Декабрь 5, 2011 14:34

Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). –3 декабри соли 2011 дар остонаи Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар шаҳри Бонн мулоқоти Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расул баргузор гардид.Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни барномаи Конфронси қарибулвуқӯъи байналмилалӣ оид ба Афғонистон табодули назар карда, масъалаҳои амалии ҳамкории дуҷониба ва минтақавиро мавриди муҳокима қарор доданд. Дар ин робита афзалияти махсуси таҳия ва татбиқи минбаъдаи лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва дигар лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, ки ба эҳёи иҷтимоию иқтисодии Афғонистон ва тақвияти равандҳои ҳамгироӣ мусоидат менамоянд, қайд карда шуд. Ҳ. Зарифӣ бори дигар омодагии Тоҷикистонро барои минбаъд ҳам расонидани кӯмаки васеъ ва ҳамаҷониба ба ҳукумат ва мардуми Афғонистон дар ҳалли мушкилоти муҳимтарини иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини сулҳу субот дар ин кишвар таъкид сохт. Вазирони корҳои хориҷии ҳарду давлат инчунин масъалаҳои дар сатҳи баланд омода сохтан ва гузаронидани Конфронси RECCA – V-ро дар моҳи марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе баррасӣ намуданд.Дар ин бора аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ Ховар иттилоъ доданд.

Декабрь 5, 2011 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад