Лоиҳаи «ДИПЕЧО» амалӣ мешавад
Душанбе, 1 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). – «Омодагӣ ба офатҳои табиӣ маънои ҷилавгирии талафоти молию ҷониро дорад» — чунин аст мароми омодагӣ ба офатҳои табиии Лоиҳаи «ДИПЕЧО», ки соли 1998 Комиссияи Аврупо ба татбиқи он шурӯъ карда буд. Панҷ кишвари Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон аз моҳи марти соли 2012 онро роҳандозӣ мекунанд.Тавре дар расонаҳои матбуот зикр мешавад, Намояндагии Раёсати Комиссияи Аврупо оид ба кӯмаки башардӯстона ва ҳифзи аҳолӣ ба манзури муҳокимаи силсилаи 7 – уми Лоиҳаи «ДИПЕЧО» дар Осиёи Марказӣ якчанд мулоқотро бо ҳамтоёнаш анҷом дод. Ҳамтоёни доимии «ДИПЕЧО» аз ҷониби СММ, ҷунбиши Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ҳамчунин ҷонибҳои дигари асосии бахши омодагӣ ба офатҳои табиӣ барои муҳокимаи масоили оид ба коҳиш додани хавфу хатари офатҳои табиӣ ҷамъ омаданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






