«Локомотив» ва «Рубин» дар марҳилаи плей-офф

Декабрь 16, 2011 15:52

Душанбе, 16 декабр. (АМИТ «Ховар», Аловиддин Бӯриев).- Дар охирин дидорҳои лигаи Аврупо ду дастаи футболи Русия: «Локомотив» ва «Рубин» тавонистанд ба марҳилаи навбатии бозиҳо роҳхат гиранд. «Локомотив» дар вохӯрии охири худ аз «Андерлехт» бо ҳисоби 5 бар 3 мағлуб шуда бошад ҳам, тавонист пеш аз мӯҳлат соҳиби холҳои бештар гардида, аз гурӯҳи «Л» якҷоя бо «Андерлехт» аз зинаи дуввум ба бозиҳои плей-офф роҳхат гирад. «Рубин» дар бозии даври охирин бо душворӣ бо пешсаф, дастаи «ПАОК» вохӯрда, натиҷаи мусовии 1 бар 1-ро соҳиб шуд ва ба даври дигар гузашт. Дастаҳои футболи Русия, «Зенит», ССКА, «Рубин» ва «Локомотив» дар бозиҳои лигаи қаҳрамонҳо ва лигаи Аврупо нишон доданд, ки сатҳи футболи ин кишвар дар Аврупо соҳиби эҳтиром ва таваҷҷӯҳи бештар ҳаст.

Декабрь 16, 2011 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд