М. Ватанов: «Парванда ҳалли қонунии худро меёбад»
Душанбе, 16 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Ман бо боварии комил гуфта метавонам, ки парвандаи куштори шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Расулов ҳалли қонунии худро меёбад», гуфт Маҳмадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар парлумони мамлакат. Мавсуф доир ба натиҷаи сафари хизматии худ ба шаҳри Санкт-Петербург ва шиносоӣ бо рафти тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон Бахтиёр Расулов ва мулоқоташ бо намояндагони сохторҳои қудратии ин шаҳр ба вакилон ахборот пешниҳод кард. Мавсуф афзуд, ки аз мулоқот бо роҳбарони мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи шаҳри Санкт-Петербург маълум шуд, ки дар куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон ягон нишонае аз ҷониби маҳалгароён ё тоссарҳо содир шудани ҷиноят ба даст наомадааст. Бештари далелҳое, ки мақомоти қудратии Санкт-Петербург нисбат ба ин қазия дар даст доранд, дар бораи аз сӯи наздикони марҳум содир шудани ин ҷиноят тахмин меравад. Зеро Б. Расулов дар Санкт-Петербург ҳамсари рус ва фарзанд доштааст ва тақрибан 6-7 моҳ пеш онҳо аз ҳамдигар ҷудо шудаанд ва атрофи ин масъала баҳсу мунозираҳо будааст. —Ягон далел дар мавриди он, ки сари ҷасад бурида шудааст, вуҷуд надорад,- гуфт М. Ватанов. -Натиҷаи экспертизаи генетикӣ мушаххас намудааст, ки дар ҷасади марҳум пайи корд вуҷуд дошта, баъдан он дар дохили автомашина сӯзонида шудааст ва натанҳо сар, балки дигар узвҳои бадани ин ҷасад сӯхта ва аз ӯ қисмати ками баданаш боқӣ мондааст. Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон афзуд, ки қазияи мазкур таҳти назорати роҳбарияти сохторҳои қудратии шаҳри Санкт-Петербург қарор дорад ва намояндагону роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳифзи тартиботи ин шаҳр кушодани гиреҳи ҳодисаи мазкур ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани қотилони Б. Расуловро вазифаи муқаддаси касбии худ медонанд. Бояд тазаккур дод, ки бо супориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалӣ Ватанов ҷиҳати аз наздик ошноӣ пайдо кардан бо рафти корҳои тафтишотии қазияи куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон рӯзҳои 6-7-8-декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт –Петербург қарор дошт.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






