Мақоми ҷамоаҳо дар амри рушди кишвар
Душанбе, 7 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). – Охири ҳафтаи гузашта бо ибтикори Бонки умумиҷаҳонӣ дар шаҳри Душанбе конфронси видеоӣ таҳти унвони «Мақоми ҷамоаҳо дар амри рушди кишвар» баргузор гардид. Мувофиқи хабари маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ, иштирокдорони ин чорабинӣ аз Амрико, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Ӯзбекистон, Русия ва Тоҷикистон дар ҷараёни конфронс масоили марбута, механизму усулҳо ва дурнамои ҳамкорӣ бо ҷамоаҳоро мавриди муҳокима қарор доданд.Муносибати самарабахш ба имконияти ҷамоаҳо барои рушди кишварҳояшон яке аз масъалаҳои асосии конфронс гардид. Дар анҷоми конфронс ҷонибҳо табодули афкор намуда, ҳайати Қирғизистон хоҳиш кард, ки бо Тоҷикистон аз рӯи масъалаҳои муҳоҷират мубодилаи таҷриба роҳандозӣ шавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






