Маҳфили «Ломоносовхонӣ» дар Душанбе
Душанбе, 26 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Маҳфили «Ломоносовхонӣ», ки чанде пеш дар Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ба 300 – солагии зодрӯзи олими барҷастаи рус Михаил Василевич Ломоносов бахшида шуда буд.Дар ин чорабинӣ муаллимони мактабҳо, омӯзгорони донишкадаҳои олӣ, кормандони илмии Пажӯҳишгоҳи кимиёи Академияи илмҳои ҶТ, намояндагони Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва мактабиёну донишҷӯён иштирок доштанд.Дар маҳфил зимни гузоришҳо фаъолияти бисёрҷонибаи олиму нависандаи барҷаста, мураттиби аввалин китоби сарфу наҳви забони русӣ инъикос дода шуд. Дар ҳошияи чорабинӣ китобҳо, маҷмӯаҳо ва асарҳои олиму нависандаи маъруф ба маърази намоиш гузошта шуданд. Дар хотима ба иштирокдорони маҳфил филми мустанади «Ситораи Ломоносов» намоиш дода шуд, ки аз ҳаёту эҷодиёти олими бузурги рус нақл мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






