Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 30 декабр. (АМИТ «Ховар»).- 29 декабр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар маҷлиси навбатии ҳукумати кишвар нахуст ҳисоботи Вазири энергетика ва саноат доир ба рафти татбиқи Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пўст ва пашм) барои давраи то соли 2015, ки 31 декабри соли 2008 тасдиқ гардида буд, шунида шуд. Тавре зикр гардид, соли 2008 корхонаҳои коркарди пашму пўст дар Тоҷикистон бо иқтидори ҳамагӣ, 0,8% кор мекарданд. Дар натиҷаи татбиқи барномаи мазкур, ки ҳадафи асосии он ба роҳ мондани коркарди саноатии пашму пўсти чорво дар дохили кишвар ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ аст, як қатор корхонаҳои мавҷудаи соҳа ба барқарорсозии иқтидорҳои истеҳсолии худ шурўъ намуда, 4 корхонаи нав низ ба кор даромад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон корҳои анҷомёфтаро нокифоя номида, барои ривоҷ додани ин кор, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва боло бурдани иқтидори содиротии кишвар ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Тибқи супориши Президенти кишвар, дар зарфи як соли оянда бояд наздики 10 корхонаи нави коркарди пўсту пашм дар минтақаҳои гуногуни кишвар сохта, ба кор дароварда шаванд. Сипас ҳисоботи Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» шунида шуд.Ба иттилои Раиси кумитаи мазкур, ҳоло аз 17686 нафар ходимони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ 4373 нафарашон занону духтарон мебошанд, ки дар қиёс ба соли 2003 2416 нафар зиёд мебошад. Шумораи занону духтарони соҳибкор ҳам, аз ҷумла ба туфайли грантҳои ҳукуматӣ, ки ҳар сол бо маблағи умумии 1 миллион сомонӣ ҷудо мегарданд, рў ба афзоиш дорад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки ба тарбияи занону духтарони болаёқату ташаббускор барои омода ва пешбарӣ кардани онҳо ба корҳои роҳбарӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.Лоиҳаи ду қонуни нав — «Дар бораи амнияти нақлиётӣ» ва «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Ҳамчунин лоиҳаи як қатор қонунҳо ва хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи чанд қонун доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи кишвар ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба қонунҳо «Дар бораи экспертизаи давлатии судӣ», «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», «Дар бораи яроқ», «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» ва «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» пешниҳод гардид. Дар маҷлиси ҳукумат як зумра санадҳои нав, аз ҷумла Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати бемориҳои узвҳои гувориш (ҳозима) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016, Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаҳои генералии маркази ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон тасдиқ карда шуд. Дар охири маҷлис Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аҳли толор ва дар симои онҳо тамоми мардуми ҷумҳуриро бо арафаи соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, ба масъулин доир ба пурзўр намудани назорати зиддисўхторӣ дар рўзҳои истиқболи соли нав ва ҳамчунин оид ба омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои соли 2011 супоришҳои мушаххас дод.Ҳамчунин таъкид гардид, ки ба нафарони маъюбу барҷомонда, ятимону бепарасторон, пиронсолон, оилаҳои камбизоат ва дигар ниёзмандон дар ин рўзҳо кумакҳои хайрия расонанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.