Майдони марказиро арчаи солинавӣ шукӯҳ мебахшад
Душанбе, 13 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Ба ифтихори истиқболи сазовори соли нави 2012-и мелодӣ дар майдони «Дӯстӣ» -и пойтахт арчаи солинавӣ бо баландии 21 метр гузошта мешавад. Дар робита ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе қарори марбутаро ба тасвиб расонд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои шаҳрдории Душанбе ҷиҳати омодагӣ ва таҷлили Соли нави мелодӣ дар пойтахт 30 декабр дар бинои Сирки давлатӣ барномаи солинавӣ барои кӯдакон ташкил карда мешавад. Назар ба иттилои Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе, шоми 31 декабр аз соати 20 то 21-30 дақиқа дар майдони «Дӯстӣ» бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик барномаи консертӣ баргузор мешавад ва он бо мушакпарронии идона анҷом меёбад. Ҳамзамон ҷиҳати истиқболи Соли нави 2012-ум 31 декабр аз сотаи 12 то 14 дар боғҳои фарҳангу фароғатии ба номи устод Айнӣ, «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва майдони «800-солагии Маскав» арчаи солинавӣ гузошта шуда, барномаҳои идона ташкил мешаванд.10.04.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






