Маълумоти мақомот оид ба ҷинояткорӣ дар 11 моҳ

Декабрь 21, 2011 10:47

Душанбе, 21 декабр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоте, ки оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар 11 моҳи соли 2011 аз ҷониби Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи ҳарбӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури Агентии омори назди Президенти ҶТ шудааст, дар ин муддат 14 ҳазору 495 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст,- иброз доштанд дар Агентии омор ба мухбири АМИТ «Ховар».Тибқи маълумоти манбаъ, 84,6 фоизи шумораи умумии ҷиноятҳо аз тарафи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба қайд гирифта шуданд. Аз шумораи умумии ҷинояҳои ба қайд гирифташуда 4440 – тои онро ҷиноятҳои вазнин, 3 ҳазору 94 — тоашро дуздӣ, 2 ҳазору 39 – тоашро қаллобӣ, 791 ҷиноят оид ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва 75 ҷиноятро ҳуҷуми роҳзанона ташкил додаст. Дар баробари ин, дар 11 моҳи соли ҷорӣ 3 ҳолати одамрабоӣ ва 6 ҳолати хариду фурӯши одамон низ ба қайд гирифта шудааст.

Декабрь 21, 2011 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад