Мансаби нави Дэвид Робсон
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар»). – Раис, президент ва директори иҷроияи ширкати мустақили нафту гази Тетис Петролеум Лимитед Дэвид Робсон, ки дар се ҷумҳурии Осиёи Марказӣ фаъолият дорад, директори Шӯрои Иқтисодии Уқёнуси Ором тайин шуд.Хотирнишон месозем, ки ширкати мазкур бояд имконоти тиҷоратию сармоягузориашро дар минтақа афзун намуда, ҳамчунин дар раванди ҳамкории иқтисодии кишварҳои Осиё ва соҳилҳои Уқёнуси Ором фаъолона иштирок намояд.Ширкати Тетис Петролеум Лимитед ба иктишофу истихроҷи нафту газ дар Осиёи Марказӣ машғул буда, ҳоло дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон фаъолият дорад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






