Маросими муаррифии ҳисоботи миллӣ
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 15 декабр Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ якҷоя бо ташкилоти ҷамъиятии «Маркази геронтологии Осиёи Марказӣ» дар мавзӯи «Ҳисоботи миллӣ оид ба пиршавӣ дар Тоҷикистон» доир менамояд.Назар ба гуфти директори маркази геронтологӣ, саргеронтологи Вазорати тандурустӣ Саодат Камолова, дар Тоҷикистон ҷиҳатҳои мухталифи тарзи зиндагии аҳолии кӯҳансоли 5 минтақаи ҷумҳурӣ бори нахуст таҳлил гардидааст. Ба мизи мудаввар намояндагони Вазорати тандурустӣ ва Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти илмии меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, созмонҳои ҷамъиятию байналмилалӣ даъват шудаанд. Иштироки намояндаи раёсати Котиботи СММ оид ба масоили иқтисодию иҷтимоӣ Олег Серёжин дар кори мизи мудаввар дар назар аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






