Медали тиллоии Расул Саидов
Душанбе, 13 декабр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). –11-12-уми декабри соли ҷорӣ варзишгари навраси тоҷик Расул Саидов дар вазни 60 кг дар мусобиқаи кушод, ки дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон доир гардид, ба гирифтани медали тилло муваффақ шуд. Расул сараввал варзишгари мизбонро бо усули вазари, баъдан варзишгари қазоқро бо усули иппон, ҳамчунин варзишгари украиниро низ бо ин усул ва дар даври ниҳоӣ боз варзишгари ӯзбекро бо усули юко мағлуб намуд. Инчунин Расул Боқиев дар мусобиқаи мазкур дар вазни 66 кг қувваозмоӣ намуда, медали биринҷиро соҳиб шуд. Варзишгарони наврасу ҷавони тоҷик дар ин мусобиқа дар ҳайати 10 нафар бо роҳбарии Салим Аҳмадов ширкат намуданд. Дар мусобиқаи мазкур варзишгарони кишварҳои Русия, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва чанд кишвари дигар иштирок намуданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






