Мехоҳед хони идонаатон пурнозу неъмат гардад?
Душанбе, 27 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-28, 29, 30, 31 декабри соли 2011 ва 1 январи соли 2012 дар бозорҳои «Шоҳмансур», «Саховат», «Қарияи боло», ва «Деҳқон»-и пойтахт гӯшти гов то 27 сомонӣ, гӯсфанд то 28 сомонӣ, биринҷ то 7 сомонӣ, пиёз ва картошка то 1,7 сомонӣ, карам 1,3 сомонӣ, сабзӣ 1 сомонӣ ва тухм 65 дирам ба фурӯш гузошта мешаванд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи шаҳрдории Душанбе 27 декабр баррасӣ гардид. «Ин тадбир дар асоси дастуру ҳидояти Сарвари давлат ба тақвият бахшидани тадбирҳои ғанӣ гардонидани дастархони идонаи сокинони пойтахт ҷиҳати истиқболи Соли нави мелодии 2012 андешида шудааст», гуфт Шавкат Саидов, котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе. Ҳамзамон аз ҷониби Иттифоқи «Тоҷикматлубот», вазорати кишоварзӣ ва КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» дар даромадгоҳи бозори «Шоҳмансур», Қарияи боло ва боғи ба номи устод Айнӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти гӯштӣ, меваҷоту сабзавот ташкил карда мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






