Мизони таваррум дар Тоҷикистон
Душанбе, 22 декабр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Тайи 12 моҳи ахир мизони таваррум дар Тоҷикистон 10, 1 фоизро ташкил додааст. Тавре ки аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, таваррум чун нишондиҳандаи муҳими макроиқтисодӣ дар моҳи гузашта низ ҷараёни мӯътадилшавии худро идома дод. Чунонки аз маълумоти расмии агентии омори назди президенти мамлакат бармеояд, моҳи ноябр сатҳи таваррум ҳамагӣ 0,2 фоиз баланд шуда, дар 11 моҳи соли равон ба 9,1 фоиз расидааст. Сатҳи таваррум дар 12 моҳи охир бошад, 10,1 фоизро ташкил дод. Гуфта мешавад, ки меъёри бозтамвили Бонки миллии Тоҷикистон дар интиҳои давраи мазкур 10 дар садро ташкил дода, ба ҳисоби миёна ба 9,01 фоизи солона баробар шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






