МОИ «Суғд» пурра ба фаъолияти худмаблағгузорӣ гузашт
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» 18 корхона ҳамчун субъекти минтақа ба қайд гирифта шуда, соли ҷорӣ он пурра ба фаъолияти худмаблағгузорӣ гузашт ва аз ҳисоби субъектҳои минтақа ба буҷаи маъмурият зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид. Он имконият дод, ки маоши кормандон зиёд гардад. Ҳоло якчанд лоиҳаҳо, аз ҷумла роҷеъ ба истеҳсоли дорувориҳо барои чорво, рушди саноати бофандагӣ, истеҳсоли мебел ва тахтасангҳои мармарӣ дар ҳолати баррасӣ қарор доранд.Бояд гуфт, ки дар 11 моҳи соли ҷорӣ 5 ёддошти тафоҳум бо Донишкадаи давлатии вилояти Ивановск, ширкати сохтмону саноати Забойкалски шаҳри Читаи Федератсияи Русия, бо як ширкати Ҷумҳурии Халқии Чин, ВСО–и Тоҷикистон ва Фонди ОКА –и Федератсияи Русия баста шудаанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






