Муҳоҷирон имконияти қонунии буду бошро пайдо мекунанд
Душанбе, 6 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). – 5 декабр дар қароргоҳи Хадамоти федералии муҳоҷирати Федератсияи Русия (ХФМ) мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо директори ХФМ Константин Ромодановский баргузор шуд.Мувофиқи хабари дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, зимни мулоқот масоили вазъи имрӯзаи ҳолати муҳоҷират дар Федератсияи Русия, ҳамкории ду раёсат дар тадбирҳои марбут ба коҳиш додани муҳоҷирати ғайриқонунии меҳнатӣ ва ташкили механизмҳои ҷилавгирии онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ҳамчунин перомуни татбиқи барномаҳои омӯзиши забони русӣ ва густариши низоми муоинаи тиббии муҳоҷирони меҳнатӣ табодули афкор намуданд. Ин навовариҳо имкон медиҳанд, ки хароҷоти муҳоҷирон коҳиш дода ва вақти таҳияи ҳуҷҷатҳои зарурии онҳо сарфа гардад.Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бо ин васила имкон пайдо мекунанд, ки буду боши қонуниашон дар Русияро ҳанӯз дар ватан ба расмият дароварда, баъди ба Маскав омаданашон ҳамоно иҷозатнома гиранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






