Муҳокимаи масоили беҳдошти хидматрасонии коммуналӣ дар деҳот
Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Агентии оид ба рушди байналмилалии ИМА (USAID) ба манзури арзёбии масъалаҳои рушд ва беҳдошти хидматрасонии коммуналӣ дар деҳот дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар ташкил намуд. Директори USAID дар Тоҷикистон Ҷеффри Лерер зикр намуд, ки ташкили бозорҳо ба манзури густариши рақобат бахши муҳими устувории чунин хидматрасонӣ, аз қабили таъмини аҳолӣ бо оби поки нӯшокӣ ва истифодаи партовҳои устувори рӯзғор, маҳсуб мешавад. Иштирокдорони мизи мудаввар имконияти ҷалби маблағҳои бахши инфиродӣ барои густариши рақобат, дастрасӣ ба захираҳои иловагии молиявиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Тавсияҳои иштирокдорони мизи мудаввар мавриди баррасӣ қарор гирифта ва ба барномаи рушди бахши хоҷагии манзилию коммуналии ҶТ барои давраи солҳои 2010 – 2025 дохил карда мешаванд.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






