Муайян кардани баъзе мухолифатҳо дар қонунгузории кишвар
Душанбе, 26 декабр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Ҳуқуқи корпоративӣ: назария, қонунгузорӣ ва таҷриба»- таҳти чунин унвон дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҷумҳурӣ сӯҳбати мизи мудаввар доир гардид, ки дар он донишмандону мутахассисони бахши ҳуқуқ ва намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ ширкат доштанд. Иштирокдорони чорабинӣ дар мавзӯъҳои фаъолияти ташкилотҳои тиҷоратӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифодаи асъори хориҷӣ дар муносибатҳои корпоративию ҳуқуқӣ, масъалаҳои ҳуқуқии барҳам додани ташкилотҳои тиҷоратие, ки фаъолияти соҳибкории хориҷӣ тавассути ташкилотҳои тиҷоратии тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд, маърӯза карда, пешниҳодҳои ҷолиб намуданд. Ҳадаф аз баррасии мавзӯи мазкур тавассути баргузории сӯҳбати мизи гирд дар Душанбе муаяйн кардани баъзе мухолифатҳо дар қонунгузории кишвар дар мавриди таъсиси ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд, ҷамъияти саҳҳомии шакли пӯшидаю кушода ва фаъолияти онҳо дар доираи меъёрҳои қонунгузории кишвар аст. Дар назар аст, ки дар соли 2012 дар Душанбе дар мавзӯи мазкур конфронси ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






