«Муаллими соли Тоҷикистон» муайян шуд

Декабрь 12, 2011 12:02

Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Вероника Коробкина, омўзгори фанни забони англисии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳри Душанбе барандаи озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими соли Тоҷикистон» гардид.Тавре ки аз маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар даври ниҳоии озмун, ки аз 5 то 9-уми декабри соли равон идома дошт, ғолиби озмун бо диплом, шаҳодатномаи ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Муаллими соли Тоҷикистон», нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», 3 ҳазор сомонӣ ва мукофотҳои Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар сарфароз гардонида шуд.Ғолибро вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, таманно намуд, ки ҳамеша эҷодкор ва пешбари ҳадафҳои арзишманди соҳаи маориф бошад, зеро ки ў акнун қутбнамои омўзгорони кишвар маҳсуб меёбад.Иштирокчиёни дигари озмун – Муяссара Исмоилова (омўзгори литсейи №1-и шаҳри Хуҷанд), Ҳайдар Зуҳуров (омўзгори мактаби миёнаи № 16-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ), Марзия Сомиддинова (омўзгори гимназияи хусусии № 1-и шаҳри Хоруғ) ва Муродалӣ Кабиров (омўзгори мактаби миёнаи № 16-и ноҳияи Файзобод) низ бо унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», ифтихорномаи Вазорати маориф ва маблағҳои пулӣ мукофотонида шуданд.

Декабрь 12, 2011 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд