Муаррифии лоиҳаи қонун
Душанбе, 20 декабр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – 19 декабр дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии лоиҳаи қонун «Дар бораи мушорикати инфиродии давлатӣ» (МИД) баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ, ки бо ибтикори Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ (IFC) баргузор шуд, намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва коршиносон иштирок доштанд. Мувофиқи суханони намояндаи IFC Питер Кайл, мушорикати инфиродии давлатӣ иборат аз бархе муносиботи байни бахшҳои давлатию инфиродӣ ҷиҳати таъмини инфрасохтор ва хидмати иҷтимоӣ мебошад. Бахши давлатӣ барои таъмини хидматрасонии дахлдори давлатӣ бар ивази пардохт бо назардошти хидматрасонии аслӣ мувофиқа пайдо мекунад. Ба фикри Питер Кайл, аз ҳисоби андозҳо ва ҷалби қарзҳо пурра фаро гирифтани инфрасохтор имконнопазир аст, зеро дар ин амр маҳдудияти муайяне вуҷуд дорад. «Ҳангоми роҳандозӣ намудани мушорикати инфиродии давлатӣ инфрасохтори хидматрасонии бахши инфиродӣ бештар густариш ёфта ва даромади зиёдро касб мекунад, зеро бахши инфиродӣ медонад, ки маҳсулоташ бидуни баҷо овардани хидматрасонии хушсифат харидор пайдо нахоҳад кард», — афзуд Питер Кайл.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






