Мукофот муборак!

Декабрь 12, 2011 16:20

Душанбе, 12 декабр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Бо фармони Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба ифтихори 20 – умин солгарди Истиқлолияти ҶҚ 10 декабр дар Сафорати Қазоқистон дар ҶТ маросими супурдани медалҳои ҷашнӣ ба нависанда, тарҷумон, роҳбари дастгоҳи Вазорати фарҳанги ҶТ Абдуғаффор Абдуҷабборов ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, раиси Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон – Қазоқистон», мудири кафедраи журналистикаи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, профессор Абдусаттор Нуралиев баргузор гардид. Онҳо барои саҳми арзандаашон ба рушди равобити илмию фарҳангӣ ва адабии байни ду давлати дӯст сарфарози мукофот гардидаанд. Медалҳоро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Оғибой Смагулов супурд.Қобили зикр аст, ки А.Абдуҷабборов ду китоб – «Роҳи Қазоқистон» ва «Қалби АвроОсиё» — ро, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва илмию фарҳангии давлати ҷавони мустақил ва ободонии пойтахти нави ҷумҳурӣ — шаҳри Остона бахшида шудаанд, аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.А.Нуралиев муаллифи беш аз 40 рисолаю мақола дар бораи дастовардҳои рушди равобити илмӣ ва адабию фарҳангии ду давлати соҳибихтиёр – Тоҷикистону Қазоқистон мебошад.

Декабрь 12, 2011 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад