Мулоқоти Ҳ. Зарифӣ бо ҳамтои эронии худ

Декабрь 5, 2011 14:34

Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). –4 декабри соли 2011 дар чаҳорчӯби иштироки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ дар Конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон дар шаҳри Бонни Олмон мулоқоти ӯ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Акбар Солеҳӣ баргузор гардид.Тавре ки аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ Ховар иттилоъ доданд, ҷонибҳо масъалаҳои ҷории муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судмандро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, гидроэнергетика ва инфрасохтор баррасӣ намуданд. Вазирони корҳои хориҷии ду кишвар масъалаҳои марбут ба Афғонистон ва идомаи ҳамкориҳои фаъоли тиҷоратӣ ва иқтисодии миёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эронро бо ҷалби шарикони минтақавӣ ва ниҳодҳои молиявии байналхалқӣ бо мақсади ҳарчи зудтар амалӣ сохтани лоиҳаҳои умумиминтақавӣ муҳокима карданд.Дар вохӯрӣ ҳамчунин дар мавриди дигари масъалаҳои сиёсати минтақавӣ ва байналхалқии мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.

Декабрь 5, 2011 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад