Мулоқоти Ҳ. Зарифӣ бо Пйер Морел
Душанбе, 9 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ Пйер Морел мулоқот намуд.
Дар рафти мулоқот Пйер Морел ба ҷониби Тоҷикистон оид ба гузаронидани вохӯрии навбатии вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкек дар даҳаи дуввуми апрели соли 2012 хабар дод. Ӯ зикр намуд, ки дар рӯзномаи вохӯрӣ масъалаҳои амнияти минтақавӣ дар ҳолати табдилёбандаи вазъи ҳарбию сиёсӣ дар Афғонистон, мувофиқкунии стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ дар шароити нав бо назардошти ҳалли мушкилиҳои обию энергетикӣ ва муҳоҷиратро барои баррасӣ ворид шудаанд.
П. Морел аз гузаронидани Конфронси минтақавии навбатӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) дар шаҳри Душанбе истиқбол кард ва иштироки худро дар ин чорабинӣ таъйид намуд. Дар навбати худ, Намояндаи махсуси ИА оид ба ОМ аз Тоҷикистон даъват ба амал овард, то дар Конфронси сатҳи баланд CABSI, ки баҳори соли 2012 дар Вена баргузор хоҳад шуд, иштирок намояд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ташаббусҳои охири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди амният дар Осиёи Марказӣ ва пешниҳод роҷеъ ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳо бо Афғонистон дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва омодасозии кадрҳо махсус ёдовар шуд.Дар ин бора аз раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






