Мулоқоти Э.Раҳмон бо Роберт Блейк

Декабрь 5, 2011 08:47

Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ёвари котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масоили Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Роберт Блейкро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили мавриди таваҷҷўҳи ду кишвар дар муносиботи дуҷониба ва мавзўъҳои ҳамкории минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуд.Ҳарду ҷониб бори дигар омодагӣ ва ҳавасмандии устувори худро ба густариши робитаҳои мутақобилан судманд, пеш аз ҳама дар самти мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ҳаёти осоишта дар Афғонистон таъкид намуданд.Роберт Блейк ба мавқеи Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва нақши он дар рушди ҳамкории минтақавӣ баҳои баланд дода, аз номи ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми кишвар барои мусоидати ҳамаҷониба ба эҳёи эътидолу низом дар Афғонистон арзи сипос намуд.Доир ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва мусоидат ба рушди иқтисодиёти Афғонистон, аз ҷумла тавассути татбиқи лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, энергетика, кишоварзӣ ва ғайра гуфтугўйи судманд сурат гирифт.Зарурати зиёд намудани истеҳсоли нерўи барқ дар Тоҷикистон ва кашидани хатти баландшиддати интиқоли нерўи барқи КАСА – 1000 ба Афғонистону Покистон ва ҳамчунин сохтмони роҳҳои нави минтақавии оҳану мошингард ва ба ҳам пайвастани шабакаҳои энергетикию нақлиётии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи ҷанубӣ таъкид гардид.Аз ҳамкории дуҷонибаи сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистону Амрико, ки ба таҳкими амнияту суботи минтақавӣ равона гаштааст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Дар мулоқот, ҳамчунин масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи ду кишвар баррасӣ шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Декабрь 5, 2011 08:47

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд