Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо генерали покистонӣ
Душанбе, 23 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи сардорони ситодҳои Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Халид Шамим Вайнро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон, пеш аз ҳама низомӣ ва низомӣ-техникии ду кишвар баррасӣ шуд.Аз ҷараёни ҳамгироиҳои муштараки сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳукуқи ду кишвар, ки бештар ба мубориза бар зидди хатару чолишҳои ҷаҳони муосир чун терроризму ифротгароӣ равона шудаанд, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.Таъкид гардид, ки сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Покистон ҳамгироии худро дар самти табодули иттилоот ва таҷриба дар муборизаи зидди терроризму ифротгароӣ бояд тақвият диҳанд.
Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба мусоидат ба барқарорсозии амну субот дар Афѓонистон ва дигар масоили минтақавӣ сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






