Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмон
Душанбе, 15 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Нимаи дуюми рўз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмон Кристиан Вулф мулоқот намуд.Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди қасри Бэлвю баргузор гардид.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмон Кристиан Вулф истиқбол гирифт.Маросими истиқболи расмӣ бо аксгирии муштараки сарони ду давлат, имзои меҳмони олимақом дар китоби сабти меҳмонони расмӣ, саф кашидани Горди фахрии Олмон, садо додани сурудҳои миллии ҳарду давлат, гузаштан аз назди горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии кишвари мизбон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ ҷараён гирифт.Дар вохўрии Эмомалӣ Раҳмон ва Кристиан Вулф маҷмўи васеи масоили ҳамкории сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, илмию фарҳангӣ ва ҳамгироии минтақавию ҷаҳонии ду кишвар баррасӣ шуд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Олмонро «шарики дерина ва мўътамади Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ» номида, изҳор дошт, ки «Олмон дар самти аврупоии сиёсати хориҷии кишвари мо мақоми хоса дорад».Аз ҳамкории пурсамари Тоҷикистону Олмон, ки дар доираи нақшаю барномаҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчўби санадҳои аврупоию байналмилалӣ амалӣ мегардад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба авзои Афғонистон ва мусоидати муштараки Тоҷикистону Олмон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ва роҳҳои ислоҳи он зоҳир карда шуд.Кристиан Вулф омодагии ҷониби Олмонро ба иштироки фаъол дар Конфронси панҷуми РЕККА – ҳамоиши минтақавии ҳамкории иқтисодӣ оид ба Афғонистон, ки моҳи марти соли 2012 дар Тоҷикистон баргузор мегардад, таъкид дошт.«Олмон ҳамчунин аз воридшавии Тоҷикистон ба Созмонии ҷаҳонии савдо пуштибонӣ мекунад», — изҳор дошт Президенти Ҷумҳурии Федеролии Олмон.ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба таъкид доштанд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






