Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо тоҷикони муқими Олмон

Декабрь 14, 2011 10:28

Душанбе, 14 декабр. (АМИТ «Ховар»). — Бегоҳии рўзи 13 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин бо намояндагони сершумори ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ ва донишҷўёни тоҷики муқими Олмон мулоқоти судманд анҷом дод.Зимни суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои намоёни Тоҷикистони навин дар замони истиқлолияти давлатӣ, ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо аксари кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ёдовар шуда, ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиро ба густариши робитаҳо бо Тоҷикистон ва ба рушди ҳамкории фарҳангӣ, илмию маърифатӣ ва ҳам иқтисодӣ даъват намуд.Аз донишҷўёни тоҷик даъват карда шуд, ки аз имконоти фарохи донишандўзӣ дар Олмон, ки аз пешрафтатарин кишварҳои ҷаҳон аст, ба хубӣ истифода намуда, мутахассисони хуб шаванд ва оянда ба халқу Ватани худ хизмати шоиста кунанд.Аз намояндагии Ҷамъияти Тоҷикистону Олмон, ки зиёда аз 100 нафар тоҷику тоҷикистонии муқими ин кишварро фаро гирифтааст ва олимони аврупоии тоҷикшинос даъват карда шуд, ки соли оянда ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар таҷлили навбатии ҷашни байналмилалии Наврўз ширкат варзанд.Баъди анҷоми суханронии Сарвари давлат бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон се нафар аз олимони машҳур – профессор Манфред Лоренс, профессори Донишгоҳи Ҳумруки Берлин Лутс Жеҳак ва устоди забони форсии Донишгоҳи дигари Берлин Ғулом Ҷелонии Доварӣ бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон – Ордени Дўстӣ сарфароз гардонда шуданд.Сипас профессор Манфред Лоренс китоби Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» — ро, ки ба тозагӣ дар Берлин бо забони олмонӣ тарҷума ва нашр гардидааст, ба аҳли нишаст муаррифӣ намуд.Тавре зикр гардид, кунун барои мардуми Олмон, ки ба фарҳангу тамаддуни бостонии тоҷикон ва имконоти ҳамкорӣ бо Тоҷикистони навин таваҷҷуҳи хос доранд, имкони нав ба миён омад, ки бо таърихи мухтасари ин миллати куҳантамаддун бо забони модарии худ шиносоии бештар пайдо кунанд.Дар мулоқот, ҳамчунин доктор Ғулом Ҷелонии Доварӣ ва ҳунарпешаи маъруфи тоҷик Лайло Шарипова суханронӣ намуда, доир ба густариши робитаҳо ва рушди ҳамкории судманд пешниҳодҳои муфид ба миён гузоштанд. Аз ҷумла пешниҳод карда шуд, ки дар Аврупо як Пажўҳишгоҳи илмии тоҷикшиносӣ ва як шабакаи байналмилалӣ бо номи Садои Тоҷикон таъсис дода шавад.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъбасти мулоқот изҳор дошт, ки ин ва дигар пешниҳодҳои судбахш мавриди омўзишу баррасӣ қарор хоҳанд гирифт ва изҳори боварӣ намуд, ки сафари расмии ў ба Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва мулоқотҳои сершумораш ба рушди муносиботи ду кишвар ва боло бурдани нуфузи ҳамзабонону ҳамватанони мо, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ доранд, такони ҷиддӣ мебахшад.Базми бошукўҳи рақсу суруди тоҷикӣ дар шаҳри Берлин анҷомбахши ин мулоқоти судманд гардид.Дар ин бора ба АМИТ “Ховар” Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода аз шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон иттилоъ дод.

Декабрь 14, 2011 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст