Мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷират бо роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ҷамоаи тоҷикон дар Русия
Душанбе, 5 декабр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова ). – Дар сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Сафиалло Девонаев бо роҳбарони созмонҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ҷамоаи тоҷикон дар Русия баргузор гардид. Иштирокдорони мулоқот масоили вазъи муҳоҷират дар Русияро мавриди муҳокима қарор доданд. Тавре дар маркази матбуоти хадамоти мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мулоқотро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Абдулмаҷид Достиев оғоз намуда, дар мавриди хусусиятҳои вазъи ҳозираи муносиботи байнидавлатӣ сухан кард. Сафир, аз ҷумла, иброз дошт, ки принсипҳои мушорикати стратегӣ ва кӯшишҳои Тоҷикистон ҷиҳати пеш гирифтани роҳи ҳамгироӣ ва таҳким бахшидани ҳамкорӣ тағйирнопазиранд. Ҷамоаи тоҷикон бояд дар ин раванд мақоми муҳиму мусбиро касб намуда, баҳри муттаҳидию ваҳдати сафҳояш саъй кунад.Сафиалло Девонаев дар навбати худ аз вазъи муҳоҷират дар Федератсияи Русия бо далелу рақамҳои мушаххас иттилоъ дод.Дар хотима иштирокдорони мулоқот ба ҳамватанони воқеъ дар Федератсияи Русия будаашон муроҷиатнома қабул карданд. Роҳбарони созмонҳои ҷамъиятии ҷамоа пуштибониашонро аз саъю кӯшишҳои ҳокимияти давлатии Тоҷикистон, аз ҷумла хадамоти муҳоҷирати кишвар ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ иброз дошта ва ҳамватанонро даъват карданд, ки ба ин амал ҳамаҷониба мусоидат намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






