Муроҷиати шаҳрвандон ба шуғли аҳолӣ
Кӯлоб, 19 декабр. (АМИТ «Ховар», С.Холов). – Дар ноҳияи Восеъ дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз тарафи Раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати ноҳия 1889 ҷойи кор таъсис дода шуда, 283 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва вазифаи озод таъмин гардиданд. Маҳмадисо Қурбонов, сардори раёсати мазкур дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, ки дар ин давра ба раёсат 1344 нафар муроҷиат кардаву аз ин шумора 455 нафарашон занҳо мебошанд. Ба гуфтаи манбаъ, ҷойҳои нави корӣ асосан дар соҳаҳои саноат, сохтмон, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорӣ, маориф, тибб ва фарҳанг таъсис дода шудаанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






